Хабар
Ҳангоми баргузории шоу-барномаи идона ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ манъ карда мешавад
Опубликовано ср, 27/12/2017 - 11:09 пользователем tvtМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагон ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 31 декабри соли 2017, аз соати 19:30 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ манъ карда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин амал бо мақсади баргузории шоу-барномаи идона бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2018 ба роҳ монда шудааст.
Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд
Опубликовано ср, 27/12/2017 - 10:03 пользователем tvtДирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасановро ба муносибати ба анҷом расидани фаъолияти дипломатияш дар кишвари мо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 2497
- 2498
- 2499
- 2500
- 2501
- 2502
- 2503
- 2504
- 2505
- …
- следующая ›
- последняя »