Хабар

Дар соли 2017 дар ноҳияи Спитамен ба соҳаи маориф беш аз 30 млн сомонӣ равона карда мешавад

Соли равон дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби буҷаи маҳалии ноҳиявӣ барои рушди соҳаи маориф 30 млн 910 ҳазор сомонӣ равона карда мешавад.
Дар иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқии ноҳия барои соли 2017 лоиҳаи буҷети маҳаллии ноҳия бо назардошти хароҷот дар ҳаҷми 46 миллиону 970 ҳазор сомонӣ қабул гардид, ки он нисбат ба соли 2016 6,1 фоиз афзудааст.

То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинони кишвар то охири ҳафта аз ҳавои бебориш ва баландшавии ҳарорати ҳаво хабар медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебоориш шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Имрӯз дар пойтахти кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.

Сироҷидин Аслов бо Элизабет Миллард сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон Элизабет Миллардро 4 декабр ба ҳузур пазируфт.
«Зимни дидор ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда, роҷеъ ба масоили ҳамкории минтақавӣ ибрози назар намуданд», — хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АМИТ «Ховар»

Страницы