Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 1173 адад ёдгориҳои таърихӣ эҳдо шудааст
Опубликовано вт, 15/11/2016 - 15:26 пользователем tvt Сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллат аз ғановати осорхонааш ҳувайдост. Осорхона танҳо махзани ёдгориҳои бостонию нодир нест, балки оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон чун дастоварди муҳиму фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар дар кори пуршарафи гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ, ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори моддию маънавӣ хизмат мекунад.