Хабар

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, иштирок намуданд.

Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дар заминаи як иншооти бекорхобида аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.

Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Спитамен

Баъди иштирок дар расми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо сокинон ва фаъолон мулоқоти судманд анҷом доданд.

Ифтитоҳи Муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Спитамен

Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Спитамен — шаҳраки Навкат бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти Муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат оғози расмӣ бахшиданд.

Страницы