Душанбе бо ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» қадрдонӣ гардид
Опубликовано пн, 14/11/2016 - 15:59 пользователем tvt Шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон, ба монанди Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек дар озмуни ҷаҳонӣ ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд. Ин мужда зимни баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон баҳри сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар шаҳри Душанбе баён гардид.