Рӯзҳои охири ҳафтаи равон обу ҳаво номусоид мегарданд
Опубликовано ср, 02/11/2016 - 10:20 пользователем tvtМутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ то 10 -12 дараҷа пастшавии харорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, 3 -4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар дошта шудааст.
Новобаста аз он, ки 5-6 ноябр ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст, аммо дар ин рӯзҳо сардии ҳарорати ҳаво боқӣ мемонад.