Парлумон ба қонуни матбуоти даврӣ тағйирот ворид менамояд
Опубликовано пн, 31/10/2016 - 15:32 пользователем tvtИнтизор меравад, ки дар оянда Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур 31 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.