Хабар

Таъиноти кадрӣ дар як қатор сохторҳои давлатӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ

аз 8 ноябри соли 2016 №80-ф
ш. Душанбе

Бо сабаби барҳам додани Муассисаи «Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин» Азимзода Алимардон Шоимардон аз вазифаи Директори Муассисаи «Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 8 ноябри соли 2016 №472
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори Муассисаи таълимии
давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат
дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
озод намудани Маҳтобшозода А.Б.

Страницы