Хабар

«Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ»- конфронси байналмилалӣ дар Суғд

25-30-юми  октябри соли равон бо дастгирии роҳбарияти вилояти Суғд конфронси байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» баргузор мегардад. Дар доираи конфронси мазкур, ки бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ доир мешавад, баргузории суҳбату мулоқот бо аҳли адаб дар назар аст. Иштирокдорон –меҳмонони конфронс ҳамчунин аз ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, аз ҷумла оромгоҳ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

ВКД ҶТ ҳамкорӣ бо ҷомеаро тақвият медиҳад

Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар назди Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ,  амнияти шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Страницы