Хабар

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Душанбе баргашт

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон баъди ширкат дар бозиҳои 39-уми ниҳоии Ҷоми Осиё-2016 аз кишвари Баҳрайн субҳи имрӯз ба Душанбе баргашт. Дар фурудгоҳ футболбозони кишварро мухлисони сершумор истиқбол гирифтанд.

Баррасии самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ дар Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун

3 ноябри соли равон ба муносибати таҷлили 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад.
Дар Форуми мазкур масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адлия, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноӣ, ҳамчунин соҳибкорӣ ва андозбандӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Баррасии Конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё Раванди Истанбул» дар Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 25 октябр Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнат Гош ва Сафири Фавқулода ва Фухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро ба ҳузур пазируфт.

Страницы