Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруӣ
Опубликовано пт, 21/10/2016 - 11:58 пользователем tvtИмрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуда соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ва муҳиму ояндадори ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.