Дар Суғд ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
Опубликовано вт, 11/10/2016 - 13:36 пользователем tvt Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи наздик ба 4,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 137,2 фоизро ташкил кард.


Аз рӯи натиҷаи озмуни ҷаҳонии «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ», ки дар шаҳри Любляниеи кишвари Словения баргузор гардид, кӯҳҳои Помир ба номгӯи минтақаҳои тамошобоби сайёҳии ҷаҳон ворид гардиданд. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ ду мавзеъ- яке Юрмала дар кишвари Латвия ва дигаре кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба ин унвон сазовор гаштаанд.
Пагоҳ дар Боку пойтахти Озарбойҷон ҷаласаи нуздаҳуми Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.