Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Фаронса
Опубликовано вт, 20/09/2016 - 09:47 пользователем tvtДар Қасри зиёфатҳои шоҳонаи Париж (Pavillon Royal) 16 сентябр 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Таҷлили ҷашни миллӣ бо иштироки намояндаҳои расмӣ аз вазорату идораҳои Фаронса, парлумони Фаронса, сафирону намояндагони дипломатии муқими Париж, доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ, инчунин ҷамъияти тоҷикон дар Фаронса бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.