Хабар

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мегардад

16-уми сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов муаррифӣ менамояд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазирони корҳои хориҷӣ 14 лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ИДМ равона шудаанд, баррасӣ менамоянд.

Вохӯриҳои вакилони МН МО ҶТ бо сокинони шаҳраку ҷамоати деҳоти ноҳияи Б.Ғафуров

Аз 13 то 16 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи «Бобоҷон Ғафуров 14» ва «Саидхоҷа Урунхоҷаев 15» бо сокинони ноҳия вохӯриҳо анҷом доданд.

50 нафар занони хонашин аз оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Вахш бо кори доимӣ таъмин гардиданд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ифтитоҳи корхонаи дӯзандагиро дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон баргузор намуд. Лентаи рамзӣ аз ҷониби раиси Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин, раиси Кумита Қосимзода Идигул Тағо ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин бурида шуда, корхона расман ба фаъолият оғоз намуд.

Страницы