Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шуғнон
Опубликовано вс, 26/06/2016 - 09:02 пользователем tvtБаъди ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Кушки Ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази ноҳияи Шуғнон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг ҳусни оғоз бахшид.


Сокинони шахри Хоруғ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо садоқату муҳаббати бепоён, самимияту ифтихори бузург пазироӣ намуданд.