Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон
Опубликовано сб, 25/06/2016 - 14:33 пользователем tvtМуҳтарам намояндагони мардуми ноҳияи Рӯшон!
Ҳозирини арҷманд!
Нахуст аз ҳама, кулли сокинони ватандӯсти ноҳияи Рӯшон ва шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки баъди ду рӯз таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Ноҳияи Рӯшон яке аз мавзеъҳои таърихии кишварамон ба ҳисоб рафта, сокинони он дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун одамони ростқавлу ҳимматбаланд ва озодманишу ботамкин ёдовар шудаанд.


Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор дода шуд.