Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон
Опубликовано сб, 25/06/2016 - 14:15 пользователем tvtАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рушон пас аз шиносоӣ бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноб ба маркази ноҳия ташриф овард. Сокинони ноҳияи Рушон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.


Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Нозироти андоз дар маркази ноҳия бо мардуми сершумор ва фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқоти самимию созанда доир намуд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Бадахшон ба деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушон ташриф оварда, аз раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ин мавзеъ шинос шуд.