Ифтитоҳи мактаби замонавӣ барои 464 хонанда дар ноҳияи Шуғнон
Опубликовано вс, 26/06/2016 - 08:43 пользователем tvtИмрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.
Роҳбарият ва сокинони ноҳияи Шуғнон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса, дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.


Сокинони шахри Хоруғ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо садоқату муҳаббати бепоён, самимияту ифтихори бузург пазироӣ намуданд.
Дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуд.