Хабар

Тоҷикистону Беларус дар самти омода кардани мутахассисони телевизион ва радио ҳамкорӣ мекунанд

Имрўз, 21.08.2020 вохўрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов баргузор шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас тавассути заҳмати софдилона изҳори сипос карданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ

Ҳамватанони азиз!

Ба ҳамаи сокинони меҳмондӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути заҳмати софдилона дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузошта истодаанд, инчунин, ба ҳар яки шумо барои пазироии самимона изҳори сипос менамоям.

Страницы