Хабар

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ ва боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумию маҳсулоти кишоварзӣ

20 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ идома ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарияти ноҳияи Ванҷ самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат нахуст аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия боздид ба амал оварданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз

Ҳамватанони азиз!

Ҳангоми сафар ба ноҳияи хушманзараи Дарвоз ва мулоқот бо шумо — сокинони заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо яке аз хислатҳои деринаву писандидаи халқамон — эҳтирому меҳрубонӣ ва самимияти хоссаи тоҷиконаро ҳамеша эҳсос менамоям.

Страницы