Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд
Опубликовано ср, 19/08/2020 - 21:12 пользователем adminНимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарм ва самимияти хосаи мардуми заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо изҳори сипос намуданд.

