Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано чт, 20/08/2020 - 11:08 пользователем admin20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дорои тамоми шароити фаъолият барои кормандон мебошад.

