Хабар

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабонро ҷамъбаст намуд

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабонро дар Имтиҳонҳои Марказонидаи Дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  равон ҷамъбаст намуд, ки аз 20 ҳазору 509 нафари азнавбақайдгирифта 12 ҳазору 750 нафарашон ба ихтисосҳои интихобнамудаашон роҳ ёфтаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар ноҳияи Дарвоз мавриди истифода қарор доданд

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.

Боғи фарҳангию фароғатии муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ба сохтмони Мактаби Президентӣ санги асос гузоштанд

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.

Страницы