Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз санги асос гузоштанд
Опубликовано ср, 19/08/2020 - 13:19 пользователем adminДар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард.

