Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба ятимону бепарасторон туҳфаҳо тақдим намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд. 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди ноҳияи Дарвозро мавриди истифода қарор доданд

19 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз боздид намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуданд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол ва имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.

Страницы