«Барқи тоҷик»: Тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22.00 бе махдудият бо барқ таъмин карда мешаванд
Опубликовано пт, 06/01/2017 - 10:08 пользователем tvtДафтари матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, ки вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ аз 5 январи соли равон маҳдудияти рӯзонаи неруи барқ барҳам дода шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22.00 бе махдудият бо барқ таъмин карда мешаванд.


