Баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе
Опубликовано пт, 06/01/2017 - 11:13 пользователем tvtМуовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ 5 январ мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон ва таҳкими ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амният табодули назари судманд сурат гирифт.

