Хабар

Рушди соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, тиҷорат, кишоварзӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Франсия баррасӣ гардид

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуэдар мулоқот намуд. 
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, тиҷорат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирии Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳр ба муносибати Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ҳамоиш ҷавонон аз назди Муҷтамаи 2700- солагӣ то Майдони парчам роҳпаймоӣ карданд.
Муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова изҳор дошт, ки ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат дар баргузории барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ иштироки фаъолона намуда, дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бо мақсади рушди минбаъдаи драматургияи миллӣ озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад.

Страницы