Агентии обуҳавошиносӣ: Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе ҳаво бебориш мешавад
Опубликовано сб, 07/01/2017 - 09:44 пользователем tvtМувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар пойтахти кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

